- кӯра
- I[کوره]оташдони оҳангарону мисгарон, иншооти махсус барои хиштпазӣ ва ғ. ; хумдон: кӯраи дастӣ, кӯраи оҳангарӣ; кӯраи ангиштгарон ҷои махсус барои чӯбро сӯзонда тайёр кардани ангишт; кӯраи сихкабоб оташдони махсус барои пухтани сихкабоб – гӯшти ба сих гузаронида; дар кӯраи мубориза(ҳо) пухта шудан киноя аз обутоб ёфтан, мустаҳкам шудан дар рафти муборизаII[کوره]як тӯб шоҳӣ, ки ба дувоздаҳ куртаи занона мерасад; кӯра-кӯра атлас тӯб-тӯб атлас
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.